Ҳамкорӣ байни марказҳои зеҳнии Тоҷикистон ва Шветсия густариш меёбад

 25 май мулоқоти директори Маркази  тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия Томас Данестад баргузор гардид, ки зимни он робитаи дуҷонибаи давлатҳо дар самти барқарор намудани ҳамкорӣ миёни марказҳои зеҳнии ҳар ду ҷониб баррасӣ гардид, хабар медиҳад Маркази тадқиқоти стратегӣ.

Дар вохӯрӣ доир ба вазъи тағйирёбандаи сиёсӣ ва иқтисодӣ минтақа ва ҷаҳон ибрози назар гардида, таҳким ва густариши робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Шветсия дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо зарур ва муҳим шуморида шуд.

Ҳамзамон арзёбии вазъи минтақа ва ҷаҳон, густариши робитаи дуҷонибаи давлатҳо  мавзӯи меҳварии ин  мулоқотро ташкил дод. Мусоҳибон  дар бораи вазъи Афғонистон ва таҳдиду хатарҳои он ба минтақаву ҷаҳон табодули назар  намуданд.

Баён гардид, ки баъд аз тағйири қудрат дар Афғонистон вазъ дар сарҳади ҷанубии мамлакат боз ҳам ҳассостар шудааст, аз ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боз ҳам рӯ ба афзоиш ниҳода, ҳолатҳои зиёди убури сарҳади Тоҷикистон аз ҷониби терррористони афғон ба қайд гирифта шуданд. Махсусан, таъкид гардид, ки Шоҳигарии Шветсия ҳамчун узви эътилоф дар ҳаводиси Афғонистон ҷонибдори сулҳу субот дар ин кишвар аст.

Тазаккур дода шуд, ки ҷониби Шветсия барои интиқоли кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон метавонад аз долонҳои нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода барад.

АКС: Маркази  тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE