Ба падари як сарбоз аз номи Пешвои миллат медали «Ҷасорат» супорида шуд

Ба падари сарбози шаҳид Сабриддин Ҷумаев, ки сокини деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Нусратуло Махсуми ноҳияи Рашт мебошад, медали «Ҷасорат» супорида шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Дар маросим супоридани мукофот меҳмонон, кормандони дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт, директорони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ва пайвандони сарбози шаҳид иштирок намуда, иброз доштанд, ки хидматҳои афсарон ва сарбозоне, ки ҳангоми ҳимояи марзи давлатӣ ба шаҳодат расидаанд, сарфи назар нагашта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Ин мукофоти давлатӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба падари сарбози шаҳид Ҷумаев Сабриддин тақдим шуд, нишони равшан ва барҷастаи арҷ гузоштан ба хизмати афсарон ва сарбозонест, ки марзи давлат, Ватан ва миллати худро ҳимоят мекунанд ва дар таъмини сулҳ субот ва амният саҳми назаррас мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо медали «Ҷасорат» хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсон барои ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ ва адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар вазъияти барои ҳаёт хатаровар, дар ҳолатҳои шадид, ки бо наҷоти ҳаёти инсон вобаста мебошад (ҳангоми ғарқшавӣ, сўхтор, офатҳои табиӣ), сарфароз гардонида мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE