Дар Фестивали байналмилалии фарҳангӣ дар Боку гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардида, дастархони тоҷикӣ ороста шуд

Дар  шаҳри Боку бо ташаббуси Академияи дипломатии Озарбойҷон (Донишгоҳи ADA)  11 –умин Фестивали байналмилалии фарҳангӣ доир гардид. Аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон гӯшаи миллии Тоҷикистон ташкил шуд, ки дар он намунаи ҳунарҳои  мардумӣ, аз ҷумла сўзанӣ, атлас ва адрас, туҳфаҳои аз сафол, чӯб ва сангҳои ранга сохташуда, маводи чопӣ оид ба имконияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд. Инчунин дар як қисми ин гӯша дастархони тоҷикӣ, ки аз таомҳои гуногуни миллӣ ва шириниҳо иборат буд,  ороста шуд.

Тавре Сафорати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон иттилоъ медиҳад, дар 11-умин Фестивали байналмилалии фарҳанг 35 сафорати муқими Ҷумҳурии Озарбойҷон ва хабарнигорон иштирок намуданд.

Мақсади баргузории  Фестивали байналмилалии фарҳангӣ  муаррифии таърих, фарҳанг, санъат ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ мебошад.

Дар анҷоми Фестивали байналмилалии фарҳангӣ намоишҳои эҷодӣ бо муаррифии осор, сурудҳо ва рақсҳои миллӣ барпо шуданд, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ иштироки фаъолона  доштанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE