Дар Ню-Йорк таҷрибаи Тоҷикистон оид ба баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои ҷангзада баррасӣ гардид

21 июн дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар шаҳри Ню-Йорк дар доираи Сеюмин ҳафтаи зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид чорабинии канории муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо ва Дафтари зиддитеррористии СММ таҳти унвони «Баррасии мушкилоти ҷангиён ва оилаҳои аз минтақаҳои низоъ баргардонидашуда» баргузор гардид. Дар ин хусус Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Зимни чорабинии канорӣ мубоҳисаи ҳамаҷониба оид ба мушкилот, густариши ҳамкорӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ба раванди баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои доғдор дар Ховари Миёна доир гардид.

Ҳайати Тоҷикистон дар ин чорабинӣ иштирок намуда, оид ба таҷрибаи мамлакат дар баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, махсусан занону кўдакон аз минтақаҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия маълумоти муфассал доданд.

Таъкид гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз соли 2019 то ба имрӯз Тоҷикистон тақрибан 300 нафар аз шаҳрвандони худро аз кишварҳои Сурия ва Ироқ баргардонидааст.

Инчнунин ба ҳозирин дар бораи таҷрибаи Тоҷикистон дар мавриди кор бо баргардонидашудаҳо, офиятбахшӣ ва ба ҳаёти осоишта ворид сохтани онҳо маълумот дода шуд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE