Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи дӯзандагии «Ёсуман»-ро мавриди истифода қарор доданд

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи дӯзандагии “Ёсуман”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Самти фаъолияти корхонаи дӯзандагии “Ёсуман” духти либоси миллӣ ва мактабӣ буда, аз ҷониби соҳибкори махаллӣ Фазлиддин Ҳасанов таъсис ёфтааст.

Дар ошёнаи якуми бино ду сехи дӯзандагӣ бо 15 ададӣ мошинҳои дарздӯзӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ ба истифода дода шуд. Дар оянда дар ошёнаи дуюм ду сехи дӯзандагии дигарро омода намуда, дар маҷмуъ дар коргоҳ беш аз 65 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҳамчунин, дар корхонаи навбунёд барои ҷалби духтарони деҳот ба омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагию буррандагӣ шароит фароҳам оварда шудааст.

Маълумот дода шуд, ки ҳадафи бунёди коргоҳи дӯзандагӣ саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таъмини занону бонувони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Ин иқдом дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси корхонаю коргоҳҳои саноатӣ дар деҳоти мамлакат, таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди саноат дар минтақа аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ амалӣ гардидаст.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои арзанда дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки дар самти таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ тадбирҳоро тақвият бахшанд.

Дар мамлакат ифтитоҳу ба фаъолият пардохтани чунин корхонаҳои дӯзандагӣ имконият медиҳад, ки дар онҳо бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ истеҳсоли либоси мактабӣ, духти либосҳои миллӣ ва либосҳои махсуси корӣ барои соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шуда, сокинон бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шаванд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 48 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 28 ҳазору 850 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаъолият доранд. Барои ин шумораи хонандагон либоси тавсиявии мактабӣ пурра дар коргоҳҳои дӯзандагии ҳудуди ноҳия тайёр карда мешаванд. Ҳоло дар шаҳраку деҳоти ноҳияи Мастчоҳ беш аз 10 адад коргоҳу сехҳои дӯзандагӣ фаъолият доранд ва шумораи коргарон дар ин коргоҳҳо ба беш аз 50 нафар расидааст.

Тибқи барномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мамлакатр саноати сабук рушд меёбад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешида дар соҳаи саноат нишондиҳандаҳои саноати дӯзандагӣ баланд мешавад. Дар 5 моҳи соли равон дар корхонаҳои ин соҳа ба маблағи 162 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки талаботи бозори дохилиро қонеъ менамояд ва қисми маҳсулоти дӯзандагӣ содирот карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар мамлакат имконияту иқтидори соҳа бояд барои рушди минбаъдаи ин бахш истифода карда шавад. Дар ин самт дар вилояти Суғд тайи солҳои охир баҳри таъсису бунёди корхонаву коргоҳҳои коркарди нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти нимтайёру ниҳоӣ нақшаву иқдомҳои муҳим амалӣ мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE