Дар Душанбе ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият барои гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2023» доир шуд

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият барои гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2023» доир гардид. Дар ин хусус дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Аъзои ситод роҷеъ ба ошкору нобуд кардани растаниҳои нашъаовари худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, тақвият бахшидан ба муборизаи зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунӣ, роҳу василаҳои пешгирии истифодаи маводи нашъаовар, ҳамкорӣ намудан бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ҷиҳати решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб ибрози андеша намуданд.

Бо назардошти масалаҳои баррасишуда ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ қарор намуд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ иҷрои бомароми қарори Раиси шаҳри Душанбе ва нақшаву чорабиниҳои тасдиқгардидаи Ситоди шаҳрӣ тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда равона карда шаванд.

Дар ҷаласа рафти иҷрои банди 60-и қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2022 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум ва комиссияҳои доимию муваққатӣ барои соли 2023» оид ба таъмини камолоти фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон таҳлил ва омӯзиши вазъи иҷрои нақша – чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар ҳудуди шаҳри Душанбе муҳокима гардид.

Инчунин банди 62 таҳлили вазъи фаъолияти шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вобаста ба муайян кардани ҳолати риояи қонунгузории соҳа ва ҳуқуқу озодиҳои ронандагон баррасӣ карда шуда, дар робита ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдори ҷаласаи Комиссия қабул карда шуд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE