ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА ТАДБИРҲО ҶИҲАТИ ГУЗАРИШ БА ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ ВУСЪАТ ДОДА МЕШАВАД

Имрӯз дар шаҳри Турсунзода машварат ба хотири пурзӯр намудани корҳои фаҳмонидадиҳӣ оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023, №586 ва қарори раиси шаҳри Турсунзода «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар шаҳри Турсунзода» доир гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Дар машварати мазкур доираи васеи соҳибкорони хурду миёна иштирок намуданд. Намояндагони филиали бонкҳо дар шаҳри Турсунзода, намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нозироти андози шаҳри Турсунзода дар хусуси гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, афзалиятҳои он ва системаи воридшавӣ ба ин низомро бо истифода аз слайду видонаворҳо ба соҳибкорон фаҳмониданд. Нозироти андози шаҳри Турсунзода ҳамчун ҳамоҳангсози машварати навбатӣ нашрияи “Боҷу хироҷ” ва дигар варақаҳои иттилоотиро пешниҳоди иштирокчиён гардонид.

                               Акс: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE