Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон

20 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон Мануел Миккалерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот вазъи кунунии ҳамкориҳо, густариши муносибатҳо ва татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар самти иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Раиси вилоят дипломати амрикоиро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, аз сатҳи кунунии муносибатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард. Таъкид гардид, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вилояти Суғд бо давлатҳои хориҷи дуру наздик ҳамкории судманд дорад.

Маълумот дода шуд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои васеъ буда, дар доираи амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати кишвар метавонад бо шарикони рушд, аз ҷумла сармоягузорони ИМА тарҳҳои муштаракро амалӣ намояд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон Мануел Миккалер бо изҳори сипос аз истиқболи самимӣ изҳор дошт, ки вилояти Суғд дорои табибати зебову беназир ва имконоти фаровон буда, аз ҷониби Сафорати ИМА дар вилоят як қатор лоиҳаҳо амалӣ гардида истодааст, ки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят мусоидат мекунад.

Тарафҳо ҳамзамон доир ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои маорифу фарҳанг мубодилаи афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE