Эмомали Нуралӣ қаҳрамони ҷудои ҷаҳон аз Тоҷикистон

Эмомали Нуралӣ – Паҳлавони палангчанголи тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳон миёни ҷавонон шоҳкорие кард мисолаш ҷудокоре накарда буд. Эмомалии Нуралӣ дар ягон рақобаташ ба ягон рақиб имкони гирифтани як имтиёз ва ҳатто умедеро ба пирӯзӣ надод. Касе аз ӯ вазари наситонид. Чунон гуштин мегирифт – партофтҳои зебо анҷом дода ҳарифонро ҳайронзадаву ночор аз татами мегуселонид, то парчами тоҷик ин шом ҳамроҳ бо суруди миллии тоҷик Эквадору ҷаҳони ҷудоро “фаро” гирад. Ин туҳфае буд ба мардуми тоҷик дар рузи варзишгарони тоҷик. Ба кулли ҳамватанон ин дастовард муборакамон бошад. Офарин Эмомалии Нуралӣ!
WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE