Ҳайати фарҳангии Тоҷикистон бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони вилояти Туркистони Қазоқистон вохӯрӣ намуд

Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон  дар ҳошияи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим бо тоҷикони муқими вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Аз  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ намояндагони роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон изҳор доштанд, ки иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин ташкили намоиши   маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳрҳои Остона, Алмато ва Чимкенти Қазоқистон барои боз ҳам густариш бахшидани равобити иқтисодию  фарҳангии ду давлат нақши муҳим мебозад.

Ходимони илми Тоҷикистон таъкид намуданд, ки муваффақона фаъолият намудани ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон дар Қазоқистон гувоҳи возеҳи торафт баланд шудани обрӯи онҳо мебошад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон асбоби мусиқӣ, китоб ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ тақдим гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE