Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон

20 декабри соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Дафтари БРСММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиелро ба ҳузур пазируфт.

Аснои мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ мавриди баррасӣ қарор гирифта, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда матраҳ шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE