Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ гардид
29 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дафтари СММ дар Женева Шараф Шерализода бо Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Дарен Танг мулоқот намуд. Дар ин хусус дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба дар самти моликияти зеҳнӣ баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуда, барои ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак доир ба моликияти зеҳнӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Тақвияти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ барои давраҳои оянда зарур шуморида шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария