Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба 100-солагии фарҳангшинос Меҳрубон Назаров дар Душанбе
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи дошикадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии устоди зиндаёд, фарҳангшиноси кишвар Меҳрубон Назаров конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он собиқ Вазирони фарҳанг, устодону донишҷӯёни донишкадаи мазкур, олимон, намояндагони ВАО ва фарҳангшиносони мамлакат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, дар оғози Конфронс, ки таҳти унвони “Саҳми Меҳрубон Назаров дар рушди фарҳанг ва санъати тоҷик” ҷараён гирифт, филми ҳуҷҷатии мавсуф ба намоиш гузошта шуд. Дар филм як зумра равшанфикрон, олимон ва фарҳангшиносони кишвар бобати нақши номбурда дар рушду пешрафти соҳаи фарҳанг дар мамлакат андешаронӣ карданд. Баъдан бо сухани табрикӣ Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати кишвар ба номи Мирзо Турсунзода Мӯҳриддин Низомӣ ба сухан баромада, аҳли фарҳангу санъатро ба ин муносибат табрику таҳният гуфт. Сипас, Обид Назариён муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуда, қайд намуд, ки “Саҳми Меҳрубон Назарав дар ташаккули на танҳо фарҳанги кишвар, балки мардуми хориҷ низ баръало ба мушоҳида мерасад”.
Дар тӯлли ҳаёти худ, Меҳрубон Назаров беш аз 295 китобу мақола ва рисолаҳои илмиву бадеиро ба нашр расонида, 1000-ҳо нафар шогирдонро дар роҳи эҷоду эҷодкорӣ ҳидоят намудааст. Мавсуф давоми 10-сол дар донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ҳайси Ректор фаъолияти пурсамар намуда, дар рушди фарҳанг ва санъати мамлакат нақши муассир гузоштааст. Ӯ ҳамзамон муддате ба ҳайси Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кор ва фаъолият кардааст. Дар идомаи конфронси мазкур ҳамчунин Собиқ Вазири Фарҳанги мамлакат Тамара Абдушукурова низ суханронӣ карда, аз дастгириҳои эшон ёдоварӣ кард. Номбурда афзуд, ки “Меҳрубон Назаров барояш устод буда, дар тамоми паҳлӯҳои фаъолияти эҷодӣ дастгирҳои зиёд намудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки аввалин монографияи Меҳрубон Назаров соли 1961 таҳти унвони “Санъати халқи тоҷик” ба табъ мерасад, ки ин то ҳол миёни хонандагон шӯҳрати бепоён дорад. Ва ҳамзамон то охири умри ӯ беш аз 30-намоишномааш манзури ҳамагон гардида, баҳри тарғибу ташвиқи фарҳангу санъати асили тоҷику Тоҷикистониён дар хориҷи кишвар саҳми босазо гузоштааст.
Комрони Абдувалӣ
“Садои Душанбе”