Дар Душанбе аксияи байналмилалӣ “Сулҳ ба ҳама” баргузор мешавад
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аксияи байналмилалии «Сулҳ ба ҳама!»— ро баргузор менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур хабар доданд.
Ҳамоиши оммавӣ яке аз чорабиниҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи раисӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор менамояд.
Чорабинии мазкур аз ду марҳила: озмуни аксҳои онлайн бо расмҳо ва навиштҳое (плакати андозаи А4) иборат аст, ки дар он бояд яке аз калимаҳои калидии аксия – Сулҳ ба ҳама!, Мир всем! ва Peace for all! навишта бошад. Иштирокчиён чунин аксҳоро расм гирифта, ба унвони Кумита ирсол менамоянд.
Беҳтарин аксҳои интихобнамудаи ҳакамони озмун бо ҷоизаҳои арзишманд (телефони мобилӣ ва планшет) мукофотонида шуда, онҳо дар шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта мешаванд.
Дар марҳилаи дуюми аксия аз ҷониби волонтёрон дар кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе варақаҳои тарғиботӣ тақсим мешаванд.