Шумори ҳалокшудагони заминларзаи Марокаш ба 2421 нафар расид
Вазорати корҳои дохилии Марокаш шумораи ҳалокшудагони заминларзаи ахир дар ин кишварро 2421 нафар эълон кард. Аз захмиву маҷрӯҳ шудани 2159 нафар низ хабар дода мешавад, ки 1504 тани онҳо дар ҳоли вазнин мебошанд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Заминларзаи шадид ҷануби Марокашро рӯзи 9-уми сентябри соли 2023 такон дод, ки қувваи он дар марказаш 70 км дуртар аз шаҳри Марокаш 6,8 бал буд. Бино ба гузориши манобеъи расмӣ 19 дақиқа баъди такони аввал замин дубора ба қувваи 4,9 бал ларзид.
Сокинон баъд аз вуқуи заминларза ба хиёбонҳо шитофтанд. Ларзишҳои шадид дар чандин ноҳияҳои ин кишвар рӯй дод ва боиси вайронӣ ё садама дидани шадиди бисёре аз сохтмонҳо дар шаҳри Марокаш гардид.
Кохи салтанатии Марокаш се рӯз азои умумӣ эълон кардааст.
Кохи салтанатӣ ҳамчунин гуфт, ки неруҳои низомӣ барои кумакрасонӣ ба навоҳии осебдида, аз ҷумла расонидани оби покиза, маводи ғизоӣ, хаймаву кӯрпаву бистару болишт ва дигар ашёи ниёзи аввал эъзом шудааст.
Бештар маконҳое осеби шадид диданд, ки дар манотиқи кӯҳистонии ин кишвар ҷойгиранд ва то ҳадде мушкилгузар ҳам мебошанд ва ин корҳои наҷоту кумакрасониро ба мушкил рӯбарӯ месозад.
Бемористонҳои Марокаш аз маҷруҳон пуранд ва мақомоти беҳдоштии кишвар аз сокинон хостаанд ҳарчи бештар барои ин маҷруҳон хун диҳанд.
Давлати Қатар аввалин корвони ёриҳои башариро ба Марокаш равон кард. Созмони байналмилалии Салиби Сурх аз хазинаи худ наздик ба 1 миллион доллар барои бахши худ дар Марокаш ҷудо кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба подшоҳи Марокаш Муҳаммади VI ибни Ҳасан изҳори таслият намуданд.