МУНТАХАБИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН (U-23) ДАР МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2024 БАР ТИМИ ЛАОС ЗАФАР ЁФТ

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар ҷараёни вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «I» аз тими олимпии Лаос шикаст мехӯрд, вале дар дақиқаҳои охири бозӣ тавонист на танҳо ҳисобро баробар кунад, балки пирӯз ҳам шавад – 2:1. Голҳои Содиқҷон Қурбонов ва Руслан Хайлоев ба дастаи мо се имтиёз оварданд.  Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳамакнун дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Австралия бозӣ мекунад. Ин дидор рӯзи 12 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 20:30 оғоз мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки бар асоси натоиҷи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини зинаи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 (U-23), ки аз 15 апрел то 3 майи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

 Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23)

♦️ Гурӯҳи «I». Даври 2

 ТОҶИКИСТОН –  Лаос – 2:1

️ Голҳо: Дамотҳ Тхонгхамсаватҳ, 54 (0:1). Содиқҷон Қурбонов, 90+1 (1:1). Руслан Хайлоев, 90+4 (2:1).

 Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Руслан Хайлоев ( Тоҷикистон).

 9 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5200 тамошобин.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE