Дар вилояти Суғд ғолибони даври вилоятии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст ” қадрдонӣ гардиданд

Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ​ маросими тантанавии қадрдонии ғолибони ​ даври вилоятии ​ озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар донанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро бо пирўзияшон муборакбод намуда,​ иброз дошт, ки​ бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерўи зеҳнӣ, дарёфти ​ чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ бо пешниҳод ва сарпарастии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли панҷум аст, ки​ озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” гузаронида мешавад.

Озмуни мазкур миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўён ва ​ ходимони илм, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар маъруфият пайдо кардааст.​

Мавриди зикр аст, ки соли гузашта аз вилоят 91 нафар ба озмуни ҷумҳуриявии “Фўруғи субҳи доноӣ китоб аст” ​ роҳхат гирифта, аз ин теъдод 28 нафар ғолибият ба даст оварда буданд.

Соли ҷорӣ низ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023, №АП-330 ба имзо расида, дар ин замина қарори Раиси вилояти Суғд аз 10 марти соли 2023, №89 қабул гардид.

Дар асоси Низомномаи озмун аз моҳи март то моҳи майи соли равон даврҳои якум ва дуюми озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуд, ки дар онҳо 67 ҳазору 473 нафар хонанда, донишҷў, омўзгору намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Аз ин шумора ба даври вилоятии озмун 1 ҳазору 146 нафар роҳхат гирифтанд, ки 836 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёна, 79 нафар донишҷўи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 162 нафар омўзгори ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат ва 69 нафар намояндаи касбу кори гуногун мебошанд.

Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рўи 6 номинатсия: адабиёти кўдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср гузаронида шуд.​

Соли равон дар даври вилоятии озмун тибқи хулосаи ҳайати комиссия 112 нафар довталаб, аз ҷумла 12 нафар аз номинатсияи адабиёти кўдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, 22 нафар аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷик, 24 нафар аз номинатсияи адабиёти классикии тоҷик, 19 нафар аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон ва 18 нафар аз номинатсияи эҷоди назм ва номинатсияи эҷоди наср ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Барои баҳогузории холисона ва муайян кардани ғолибони даври вилоятӣ ҳайати ҳакамони босалоҳият аз ҳисоби адибон, докторону профессорони донишгоҳҳои қаламрави ҷумҳурӣ, масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доварӣ карда ва беҳтаринҳоро интихоб ва ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод карданд.​

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 112 нафар ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ва 57 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон ҷойҳои ифтихориро гирифтаанд, мукофотҳои пулӣ супорида шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE