Суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ
04.10.2023
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат, муҳимтарин нишонаи давлатдории миллии тоҷикон ва асоситарин омили ваҳдату сарҷамъии мардуми Тоҷикистон мебошад, самимона табрик мегӯям.
Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст.
Бо забони тоҷикӣ, ки аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарину зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад, таърихи бостонӣ ва фарҳангу тамаддуни камназири миллате иншо гардидааст, ки ба ҷаҳониён аз ҳикмати зиндагӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сабақҳои мондагору омӯзанда додааст ва ин рисолати хешро то имрӯз идома дода истодааст.
Далели бостонӣ будани миллати тоҷик ва забони тоҷикиро ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни ориёӣ донишмандону олимони баландпояи ҷаҳонӣ дар осори зиёди илмии худ эътироф ва тасдиқ кардаанд.
Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ, бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёди дар масири рушд ва ҳатто мавҷудияти он эҷодшуда ҳамнафасу ҳамқадами миллати тоҷик ва илҳомбахши фаъолияти илмиву адабӣ, фарҳангиву маънавӣ ва сиёсиву иҷтимоии тоҷикон будааст.
Дар робита ба ин, хотирнишон менамоям, ки баъди амалӣ гардидани ормони беш аз ҳазорсолаи халқамон – расидан ба истиқлоли давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки ба масъалаи эҳтирому гиромидошти воқеии забони модарии худ, таъмин намудани мақому ҷойгоҳи арзанда ва рушди минбаъдаи он аҳаммияти махсус диҳем.
Имрӯз масъалаи забон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.
Зеро давлат бе забон вуҷуд дошта наметавонад ва забон шиносномаи давлат ва гузашта аз ин, яке аз муқаддасоти асосии он мебошад.
Ғамхориву таваҷҷуҳи давлат нисбат ба забон ҳамчун сарвати бебаҳо ва нишонаи муҳимтарини истиқлолу озодӣ, соҳибдавлативу соҳибфарҳангӣ ва омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми кишвар мунтазам меафзояд.
Мо ифтихор дорем, ки осори ҷовидонаи ба забони ноби тоҷикӣ таълифнамудаи гузаштагони мо ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашариро бо беҳтарин намунаҳои илмиву адабӣ ва ахлоқиву маънавӣ ғанӣ гардонидааст.
Ҳамчунин, мояи сарфарозии ҳар як фарди миллат аст, ки имрӯз забони давлати тоҷикон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медиҳад.
Тавассути пайгирона амалӣ намудани сиёсати давлатии забон арзишҳои забонӣ ва қудрати воқеии забони тоҷикӣ дар таърихи навини тоҷикон дар тафаккури ҷомеа ва зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи шаҳрвандон вусъати бесобиқа пайдо кардаанд.
Бо дарназардошти аҳаммият ва зарурати эҳтирому арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва бузургиву неруи воқеии он ман борҳо таъкид намудаам, ки забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, барои ҳар як фард донистани забони модарӣ маънои эҳтиром гузоштан ба миллат, Модар, Ватан, давлати соҳибихтиёр ва воситаи пайванд бо рисолати тамаддунсозиву фарҳангсолории халқамон мебошад.
Дар баробари ин, як нуктаи муҳимро таъкид менамоям.
Рушди бесобиқаи ҷаҳони муосир, махсусан, пешрафти техника ва технологияҳо ба ҳамаи самтҳои зиндагӣ ва фаъолияти одамон таъсири рӯзафзун гузошта истодааст.
Мусаллам аст, ки чунин пешравӣ бо рушди забон робитаи қавӣ дошта, ба ташаккулёбӣ ва ғановатманд гардидани таркиби луғавии он мусоидат менамояд.
Табиист, ки баёни мафҳумҳои нави дар марҳалаи кунунии ҳаёти башар ва фарҳанги ҷаҳони муосир бавуҷудомада калимаву истилоҳоти тозаэҷод ва мувофиқро тақозо мекунад.
Дар ин ҳолат ба мо таърихи пурғановати забони тоҷикӣ, гӯйишҳо ва усулҳои бунёдии калимасозии забонамон ёрӣ расонида метавонанд.