Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри нашриёти “Ирфон” доир шуд
Имрӯз дар саҳни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон намоиш – фурӯши китобҳои тозанашри муассисаи нашриявии “Ирфон”баргузор гардид. Аҳли раёсати донишгоҳи мазкур, омӯзгорону проффесорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар ин намоиши китобҳо иштирок карданд.
Дар намоиш – фурӯши мазкур 22 ҷилди силсиламаҷмӯи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат“ ба маъраз гузошта шуданд, ки ба он омӯзгорону профессорон ва донишҷӯёни донишгоҳ таваҷҷӯҳ ва мароқи хоса зоҳир намуданд.