Дар Душанбе бахшида ба бузургдошти 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ Симпозиуми байналмилалии илмӣ оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба бузургдошти 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ – кашшофи асрори табиат» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО Симпозиуми байналмилалии илмӣ оғоз гардид.
Ҳадаф аз баргузории симпозиум — баррасии ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии осори Абурайҳони Берунӣ ва саҳми ӯ дар тамаддуни башарӣ мебошад.
Интизор меравад, ки дар кори симпозиум иштирокчиён дар мавзуъҳои «Нақши Абурайҳони Берунӣ дар пешрафти илмҳои ҷаҳонӣ», «Даврони Абурайҳони Берунӣ ва рушди илм», «Мероси табиатшиносии Абурайҳони Берунӣ ва илми муосир», «Равишҳои муосир дар шинохти осори Абурайҳони Берунӣ», «Нусхаҳои хаттии осори Абурайҳони Берунӣ дар Тоҷикистон», «Таҳқиқу нашри осори Абурайҳони Берунӣ дар Тоҷикистон» ва «Абурайҳони Берунӣ ва тамаддуни муосири ҷаҳонӣ» маъруза менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки 11 ноябри соли 2021 зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шурои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи муштараки Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон доир ба 1050-солагии зодрӯзи олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.