Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии ИДМ иштирок кард

11-12 октябри соли 2023 дар Бишкек вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии ИДМ зиёда аз 20 масъаларо баррасӣ карда, оид ба масоили мубрами байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар сиғаи Иттиҳод мубодилаи афкор намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ таъкид кард, ки ИДМ барои Тоҷикистон яке аз саҳнаҳои калидии ҳамкории бисёрҷониба боқӣ мемонад. Вазир қайд намуд, ки кишвари мо низ дар татбиқи консепсияи раёсати кунунӣ дар созмон ҳиссаи худро гузошта, дар ин росто соли 2023 дар Душанбе ҷаласаҳои Шурои байнидавлатӣ оид меъёрикунонӣ, метрология ва иҷозатномадиҳӣ, Шурои байнидавлатӣ оид ба кайҳон, инчунин Шурои вазирони адлияи кишварҳои иштирокдори ИДМ-ро муваффақона доир кард.

С.Муҳриддин изҳор намуд, ки дар ҷаҳони бовусъат тағйирёбанда дар назди Иттиҳод дар муқоиса бо 30 соли гузашта вазифаҳои боз ҳам мураккаб истодаанд. Дар ин қарина ӯ аз идомаи ҳамкориҳои пайгиронаи муштарак ҷиҳати мукаммалсозии абзорҳои ҳамкорӣ бо такя ба қарор оид ба мутобиқнамоии ИДМ ба воқеиятҳои ҷаҳони муосир, ки соли 2016 қабул гардидааст, ҷонибдорӣ намуд.

Аз натоиҷи ҷаласа вазирон масъалаҳои баимзорасонии Аҳднома дар бораи таъсиси Созмони байналмилалӣ оид ба забони русӣ, Нақшаи чорабиниҳои роҷеъ ба омодагӣ ва дар соли 2025 таҷлил намудани 80-солагии ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ, Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2024-2028, инчунин як қатор созишнома ва изҳоротҳоро мувофиқа карда, ба баррасии сарони давлатҳо манзур намуданд.   

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE