Дар Ню-Йорк татбиқи қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» баррасӣ гардид

5 августи соли 2021 мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонибек Ҳикмат бо Намояндаи олии СММ оид ба Гурӯҳи кишварҳои кам тараққикарда, кишварҳои тарақикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди рӯ ба тараққӣ Куртеней Раттрей доир гардид.

Зимни мулоқот авлавиятҳои кишвар дар Гурӯҳи кишварҳои тарақикунандаи маҳсур дар хушкӣ, инчунин масъалаҳои татбиқи Барномаи амали Вена, барқароршавӣ аз ҳамагирии COVID-19, дастрасии баробар ба ваксинаҳо, такмил ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, аз ҷумла сохтмони пули энергетикӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) ва ҳамкориро ҷиҳати татбиқи қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” матраҳ шуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE