Имрӯз бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода шуд
Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода шуд.
Кумаки башардӯстона аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрока, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпушҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарур иборат буда, наздик ба 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад.
Кумаки башардӯстона ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Афғонистон тавассути 130 мошини боркашонӣ ба Афғонистон интиқол дода мешавад ва он намунаи олии ғамхориҳо ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Пр