Дар Душанбе нақши глобалии Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ мешавад

8 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони  «Афзалияти раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Созмони ҳамкории Шанхай: баланд бардоштани нақши глобалии созмон, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар фазои СҲШ» ҳамоиш баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар доираи ҳамоиш намоишгоҳи «Қазоқистон ва СҲШ: марҳилаҳои масири калон» баргузор мегардад.

Дар ҳамоиш ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Минг, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов иштирок менамоянд.

Зимни ҳамоиш оид ба масъалаҳои вусъат додани ҳамкории сиёсӣ, иктисодӣ ва илмию техникӣ ба манфиати мардумон ва тамоми минтақа мубодилаи афкор доир мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE