Дар ноҳияи Варзоб ба ифтихори Рӯзи Конститутсия чорабинии идона доир шуд
3 ноябр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бахшида ба 29-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабар доданд.
Дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, кормнадони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинон иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки Конститутсия — давлати Тоҷикистонро чун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона таъмин карда мешавад.
Дар идома гуфта шуд, ки бо азму иродаи халқ Конститутсияи давлати мустақили озоду адолатпарвари Тоҷикистон қабул гардида, Истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати Тоҷикистон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Дар чорабинӣ ба як қатор кормандони касбу кори гуногуни ноҳия барои хизматҳои содиқона дар рушди соҳа, ба омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд ва ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи маърифат» аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо Ифтихорнома, Сипоснома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар хотима аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» барномаи театрикунонидашуда пешкаш гардониад шуд.