Дар Суди констутитусионӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия мизи мудаввар доир гардид
Дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ ва мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он судяҳо, хизатчиёни давлатӣ ва дигар кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш оид ба нақш ва моҳияти ин санади таърихӣ таъкид карда шуд, ки 29 сол муқаддам мардуми шарафманди Тоҷикистон ба авзои бениҳоят мураккаб ва ноороми сиёсию иҷтимоии мамлакат нигоҳ накарда, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва қарзи шаҳрвандию инсонӣ муносибати худро ба тақдири минбаъдаи давлату миллат ва бақои он иброз намуда, нахустин Конститутсияи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро қабул намуд.
Конститутсия халқи тоҷикро қисми ҷудонашавадаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар пеши наслҳои гузаштаву ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор эътироф намуда, мақсад ва вазифаҳои таърихии халқи тоҷикро бунёди ҷомеаи адолатпарвар эълон намуд.
Ҳамчунин оид ба дигар ҷанбаҳои таърихию сиёсии Конститутсия ибрози андеша карда шуда, фарҳанги конститутсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқӣ дар ҷомеа асоси татбиқи Конститутсия номида шуд.
Дар фарҷом ба ду судяи Суди конститутсионӣ ва 4 корманди Суди конститустионӣ барои кори пурсамар ва фаъолияти содиқона барои ҳимояи таъмини кафолатҳои конститутсионии шаҳрвандон бахшида ба 29-солагии Рӯзи Конститутсия Ифтихорномаи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.