Филми «Дов»-и коргардони тоҷик дар ҷашнвораи 41-уми байналмилалии синамои «Фаҷр» муаррифӣ карда шуд

Филми «Дов»-и коргардони тоҷик, ки дар Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таҳия шудааст, дар ҷашнвораи 41-уми байналмилалии синамои «Фаҷр» муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус дар Сафорати Тоҷикистон дар Эрон иттилоъ доданд.

Бояд гуфт, ки аз 1 то 11 феврали соли равон дар Эрон ҷашнвораи 41-уми байналмилалии синамои «Фаҷр» баргузор карда шуд.

Коргардон Муҳиддини Музаффар филмро аз рӯи жанри драмаи иҷтимоӣ ба навор гирифтааст.

Филми «Дов» диққати тамошобинон ва меҳмонони ҷашнвораро ба худ ҷалб намуд. Муаллифи филмро барои иштирок ба ҷашнвораҳои Малайзия ва Москва, ки тобистони соли равон доир мешаванд, даъват намуданд.

Филми мазкур соли 2022 дар якчанд намоишҳои байналмилалӣ низ иштирок намуд. Инчунин дар аввалин синамоҷоизаи миллии Тоҷикистон иштирок карда, соҳиби ду ҷоиза- «Беҳтарин филм» ва «Беҳтарин нақши мардона» гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE