Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин мулоқот намуданд
21 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Федератсияи Русия дар шаҳри Москва бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия муҳтарам Михаил Мишустин мулоқот намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду давлат дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки Федератсияи Русия дар сохтори гардиши савдои хориҷии давлати мо мавқеи пешсафро ишғол менамояд. Дар соли 2022 ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол 1,7 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 24 фоиз афзудааст.
Дар самти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ захираву имкониятҳои истифоданашуда бисёр аст, аз ин рӯ зарур шумурда шуд, ки барои пурра баҳрабардорӣ намудан аз он тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
Дар рафти мулоқот тазаккур дода шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои саноати куҳӣ, металлургӣ, мудофиавӣ, коркади нафту кимиё, саноати хӯрокворию сабук, нассоҷӣ, фарматсевтӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд.
Ҷалби сармояи Русия барои таъсиси паркҳои саноатӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ зарур шумурда шуд.
Аз сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ ибрози қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон бо ин ба густариши минбаъдаи робитаҳои амалӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҳавасмандии худро изҳор доштанд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.