Дар Душанбе татбиқи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» баррасӣ мешавад
24 ноябр дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Шурои ҷамъиятӣ хабар доданд, дар ҷаласа татбиқи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Дар кори ҷаласа намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.