Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 20-уми Конфронси кулли UNIDO дар Вена иштирок дорад

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар дар иҷлосияи 20-уми Конфронси кулли Созмони рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид (UNIDO) ки 27 ноябр дар шаҳри Вена шуруъ шуд, иштирок дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияи нав хабар медиҳад.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар бораи сатҳи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо ин ниҳод дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла саноати сабук ва рушди содироти маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ибрози ақида намуда, аз зарфияти саноатии Тоҷикистон ёдовар шуд.

28 ноябр дар ҳошияи иҷлосияи 20-ум муовини Вазири саноат ва технологияҳои нав Азиз Назар дар мубоҳисаҳои Панели сатҳи баланд таҳти унвони «Суръатбахшӣ ҷиҳати гузариш ба иқтисоди «сабз»: маъданҳои фоиданок, истеҳсоли металлҳо ва ояндаи боадолат барои ҳама» иштирок намуд.

Ӯ зимни суханронӣ ба ҳозирин роҷеъ ба иқтидору зарфияти энергетикии мамлакат, махсусан энергияи «сабз» иттилоъ дода, иброз дошт, ки Тоҷикистон дорои захираҳои ғании маъданҳои фоиданок ва дигар захираҳои табиӣ буда, дар дунё яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд.

Дар нишасти мубоҳисавӣ мудири кулли Созмони рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид Герд Мюллер, вазири саноат ва сарватҳои маъдании Арабистони Саудӣ Бандар ибни Иброҳим ал-Хурейф, вазири нақшакашӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Гвинея Роза Пола Присмоу ва роҳбари ширкати «KVI Holdings» профессор Рашид Язамӣ низ сухан гуфтанд.

Ёдовар мешавем, ки иҷлосияи 20-уми Конфронси кулли Созмони рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид (UNIDO  то 1 декабри соли  2023 идома меёбад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE