Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи давлатҳои ИДМ оид ба истифодаи неруи атомӣ бо мақсадҳои осоишта иштирок намуд

Дар шаҳри Мински Беларус ҷаласаи 24-уми Комиссияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба истифодаи неруи атомӣ бо мақсадҳои осоишта баргузор шуд, ки дар он президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи робитаҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд. 

Иштирокчиёни ҷаласа якчанд масъалаҳои мубрами рӯз ва ҳуҷҷатҳоеро, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкории давлатҳои аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи энергетикаи атомӣ дахл доштанд, аз ҷумла татбиқи Барномаи мақсадноки байнидавлатии «Барқарорсозии ҳудудҳои  давлатҳои аз истихроҷи уран зарардида», ҷараёни иҷрои Барномаи рушди инфрасохтори миллии ҳастаии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи онро муҳокима намуданд.

Инчунин дар ҷаласа лоиҳаи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи маркази байналмилалии тадқиқотӣ дар заминаи реактори бисёрмақсадноки таҳқиқоти зудамал (МБИР), лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои ба ҳолати амн овардани объектҳои ҳастаӣ, маҷмуи тадбирҳо оид ба баланд бардоштани маданияти бехатарӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атом бо мақсадҳои осоишта, лоиҳаи Низомнома дар бораи ташкилоти асосии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муомилоти партовҳои хавфнок, нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишнома оид ба ҳамлу нақли фаромарзии маводи радиоактивӣ дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE