МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 29-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

8-уми декабри соли равон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Дар он роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Ализода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Садо ва Симо” Фирӯз Каримзода, роҳбарияти шабакаҳои телевизиону радио ва аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок карданд.

Муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Ализода иброз дошт, ки воқеан роҳи тай намудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати поягузории идеологияи давлатдории миллӣ давоми 29 сол мушкилу пурпечутоб, аммо бошарафона буд. Дар ин муддат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон борҳо ҳизби халқ будани худро дар амал собит намуд. Исбот намуд, ки тамоми афкору маънавиёташ аз қаъри дили мардум реша гирифта, фаъолияти амалаш ба манфиати халқ равона шудааст.

Роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 29 соли фаъолият имкон фароҳам овард, ки ҷомеаро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ раҳнамо бошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалигардонии ормонҳои мардум тавонист нақши мондагор гузорад. Нақши ин ҳизби сиёсӣ дар рушди иқтисодиёти навини Тоҷикистон беназир буда, талошҳои барномавии он ба зиндагии шоистаи мардум равона гардидаанд.

Дар маҷлим таъкид гардид, ки ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳаммияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузорад.

Дар идомаи маҷлис ба як зумра аъзои ҳизб сипосномаву мукофотҳои Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Садо ва Симо” ва шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE