Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ баррасӣ гардид

Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар шаҳри Остона Салман Бал баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ маҷмуи муносибатҳои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нави афзалиятноки сармоягузорӣ муҳокима гардид.

Ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои молия, бонкдорӣ ва сармоягузорӣ табодули афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE