Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири Қирғизистон мулоқот кард

11 декабри соли 2023 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд. Дар рафти мулоқот омодагии ду кишвар барои густариши бомароми муносибатҳои дуҷониба таъкид гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE