Тоҷикистон дар Бозори хайриявии СММ иштирок кард
8-9 декабри соли 2023 дар шаҳри Вена чорабинии ҳарсолаи хайриявӣ – «Бозори СММ» барпо гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ҷаҳон, дар чорабинии мазкур ҳам фаъолона иштирок намуд.
Дар намоиш ба меҳмонон намунаҳои ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон, ҳӯрокҳои миллӣ, инчунин маълумот дар бораи имкониятҳои сайёҳии кишвар пешниҳод гардиданд.