Зарфияти сайёҳии Душанбе зимни вохӯрӣ бо намояндагони Ширкати машваратии «HIDRIA Ciencia» amiente y desarollo S.L» баррасӣ шуд

Дар шаҳри Душанбе вохӯрии сеҷонибаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ва роҳбарияти Ширкати машваратии «HIDRIA Ciencia» amiente y desarollo S.L» Эдуардо Мартинeс доир гардид. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои амалӣ намудани ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ширкати машваратии «HIDRIA Ciencia amiente y desarollo S.L»-ро баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе ба зарфияти фаровон дар бахшҳои мухталифи сайёҳӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ишора намуда, фазои инфрасохторӣ ва фарҳангию таърихии шаҳри Душанберо барои ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ мусоид арзёбӣ намуд.

Таъкид шуд, ки рушди соҳаи сайёҳиро бе ворид намудани технологияи рақамӣ тасаввур намудан ғайриимкон мебошад, зеро ҳар сайёҳ ниёз ба иттилои расмӣ, дастрас ва фаврӣ дорад.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба идомаи ҳамкории минбаъда баён доштанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE