Дар Женева ҷаласаи ҳамоҳангсозони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд

Ҷаласаи ҳамоҳангсозони Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) таҳти роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода баргузор гардид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.

Дар ҷаласа Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) Татяна Молчан, инчунин намояндаҳои доимии давлатҳои аъзои Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева  иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодии минтақавӣ дар доираи Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) ва рӯзномаи кори он дар соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои иқтисодиёти Осиёи Марказиро дар соли 2024 бар уҳда дорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE