Чемпионати ҷаҳон-2024 оид ба ҷудо моҳи майи имсол дар Абузабӣ баргузор мешавад

Чемпионати ҷаҳонии ҷудо дар соли 2024 аз 19 то 24 май дар Абузабӣ (Амороти Муттаҳидаи Араб) баргузор мешавад.

Амороти Муттаҳидаи Араб солҳои зиёд шарики муҳими Федератсияи байналмилалии ҷудо буда, аз соли 2009 аввалин Гран-прии Абузабиро баргузор намуд,  ки баъдан ба Гранд-слам табдил ёфт. Моҳи октябри соли 2023 Абузабӣ мизбони Чемпионати ҷаҳон байни собиқадорон буд.

Чемпионати ҷаҳон мусобиқаи асосӣ барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Париж мебошад. Варзишгарони беҳтарин аз саросари ҷаҳон барои пирӯзӣ ва мустаҳкам намудани ҷойи худ дар Бозиҳои олимпӣ дар он иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳонии ҷудо як медали биринҷӣ дорад. Онро соли 2007 паҳлавони шинохта Расул Боқиев дар Рио-де-Жанейро сазовор гардидааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE