Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷии Япония

15 декабри соли 2022 сафири Тоҷикистон Мирозошариф Ҷалолов дар мулоқоти муштараки сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо вазири корҳои хориҷии Япония ҷаноби Ҳаяши Йошимаса иштирок намуд.

Ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар чаҳорчуби “Муколамаи Осиёи Марказӣ+Япония” ва инчунин нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии “Муколамаи Осиёи Марказӣ+Япония”, ки 24 декабри соли 2022 дар Япония баргузор мегардад, табодули афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE