Омодагӣ ба раёсати Тоҷикистон дар ИДМ баррасӣ шуд

7-9 феврали соли 2024 ҳайати Вазорати корҳои хориҷӣ бо роҳбарии сардори раёсати кишварҳои ИДМ Аҳмад Саидмуродзода силсилаи вохӯриҳоро ба манзури муҳокимаи масъалаҳои омодагӣ ба раёсати дарпешистодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 доир намуд.

7 феврал дар Москва машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ баргузор шуд. Зимни чорабинӣ мубодилаи афкори амиқ атрофи масоили мубрами рӯзномаи Иттиҳод сурат гирифта, вазифаҳои асосии ҳамкории ду кишвар дар ҳошияи раёсати кунунии Русия дар ИДМ дар соли 2024 ва раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод дар соли 2025 баррасӣ шуданд.

8 феврал дар Минск ҳайати Вазорат бо муовини якуми дабири кулли ИДМ Леонид Анфимов вохӯрӣ намуд. Дар рафти суҳбат пешниҳодҳои умумӣ ба Консепсияи раёсати дарпешистодаи Тоҷикистон дар Иттиҳод ва механизмҳои татбиқи он мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

9 феврал дар Минск машваратҳои солонаи вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Иттиҳод таҳти унвони “Дар бораи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ИДМ дар соли 2024” баргузор гардид. Зимни машваратҳо лоиҳаи Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳаи вазоратҳои корҳои хориҷӣ мувофиқа шуда, раванди татбиқи Барномаи амали тақвияти шарикӣ байни мақомоти сиёсати хориҷии ИДМ муҳокима гардид. Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи татбиқи Низомнома дар бораи мақоми Нозир дар ИДМ ва мақоми Шарики ИДМ мубодилаи афкор анҷом доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE