Доварони Тоҷикистон бозиҳои нимниҳоии Ҷоми КФО-2023/24-ро ҳакамӣ менамоянд

Ду дастаи доварон аз Тоҷикистон барои доварии бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2023/24 интихоб шуданд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон. 

Довари Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Насрулло Кабиров нахустин бозии нимниҳоии Ҷоми КФО-2023/24-ро дар минтақаи Ҷанубу Шарқӣ байни бошгоҳҳои «Макартур» (Австралия) ва «Сабоҳ» (Малайзия), ки 13 феврал дар Сидней баргузор мешавад, доварӣ менамояд. Ба Насрулло Кабиров ёварони довари ФИФА – Акмал Бӯриев ва Хусрави Сиддиқзод кумак менамоянд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба дӯши довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов вогузор шуд.

Дастаи дигари доварон аз Тоҷикистон таҳти роҳбарии довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло бозии ҷавобии даври нимниҳоии Ҷоми КФО-ро дар минтақаи Ғарб байни бошгоҳҳои «Ал-Қаҳрабо» (Ироқ) ва «Ал-Аҳед» (Лубнон) ҳакамӣ менамояд. Ин дидор 20 феврал дар шаҳри Басраи Ироқ баргузор мешавад. Ёварони Гулмуроди Саъдулло ҳамватанони ӯ – Вафо Қараев ва Ҳасан Каримов мебошанд. Довари эҳтиётӣ довари ФИФА Нурзатбек Абдиқодиров аз Қирғизистон таъйин шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE