Дар Хуросон ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад

23 феврал дар ноҳияи Хуросон ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шурои ҷамъиятии вилояти Хатлон, шуроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Ҷайҳун, Ёвон, Бохтар, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кушониён, Вахш, Ҷалолуддини Балхӣ, Қубодиён, Носири Хусрав, Панҷ, Дӯстӣ ва Шаҳритус гузаронида мешавад. Дар ин бора аз Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори ҷаласа кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Маркази исломшиносӣ, Кумитаи дин, Кумитаи кор бо ҷавонон, Донишкадаи исломӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва роҳбарияти вилояти Хатлон иштирок менамоянд.

Иштирокдорони ҷаласа,  аз  ҷумла доир ба масъалаи  сиёсишавии дин ҳамчун омили пайдоиши гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он дар ҷомеаи Тоҷикистон табодули назар менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE