АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид

Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд, иттилоъ доданд дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Иштирокдорони ҳамоиш бо фаъолияти кафедраи ҳарбии донишгоҳ, аз ҷумла парки мошинҳои таълимӣ, синфхонаҳои тайёрии оташфишонӣ, омодагии техникаи махсус ва синфхонаи сикли тайёрии радиоалоқа шинос шуда, ҷараёни машғулиятҳои дарсии донишҷӯёнро назора карданд.

Сипас бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ ва афсарону донишҷӯёни кафедраи ҳарбӣ барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон кафили сулҳу субот, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва дар маҷмуъ таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат мебошад.

Нотиқон ҷавононро ба хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят карда, таъкид намуданд, ки муқаддастарин арзиши ҳаёт-дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани марзу буми Ватан мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE