ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Аз 16 то 20 феврал дар Тоҷикистон ҳаво сард мешавад

Аз 16 то 20 феврал дар Тоҷикистон ҳавои сард шуда, борон борида,  ба барф табдил меёбад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ бориши барфи шадид,  дар  роҳҳои кӯҳӣ барфтӯдаҳо ва яхбандӣ пешгӯӣ шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо бе зарурат ба сафар набароянд, ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд созанд ва аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, омода намудани ҳезум ва шикор дар минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намуда, инчунин қоидаҳои бехатарии сӯхторро ҳангоми истифодаи асбоби гармидиҳии барқӣ ва оташдонҳо қатъиян риоя намоянд.

Бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва таъмини бехатарии ҳаракат дар қитъаҳои махсусан осебпазири роҳҳои мошингарди мамлакат, аз ҷумла дар Майхураи ноҳияи Варзоб ва километри 72-юми роҳи мошингарди «Душанбе — Айнӣ», инчунин дар роҳи мошингарди «Душанбе — Ванҷ» дидбонгоҳҳои мобилии шабонарӯзӣ ташкил шудаанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE