Хонандагони ноҳияи Шаҳринав дар Озмуни умумирусиявии илмӣ-таҳқиқотӣ соҳиби ду медали тилло ва се медали биринҷӣ шуданд
Хонандагони Литсейи хусусии «Нур» дар ноҳияи Шахринав дар Озмуни умумирусиявии илмӣ-таҳқиқотӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия иштирок намуда, сазовори 2 медали тилло ва 3 медали биринҷӣ шуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар доданд.
Озмун бахшида ба мероси Дмитрий Менделев аз 2 то 6 феврал доир шуда, 5 хонандаи Литсейи хусусии «Нур» дар байни 1500 иштирокчии даври ниҳоии озмун муваффақона баромад намуданд.
Ба озмун, ки асосан ба мероси илмиву кашфиётии олими кимиё Дмитрий Менделеев бахшида шуда буд, хонандагони Литсейи «Нур» 18 кори илмӣ-таҳқиқотиашонро пешниҳод намуданд. 7 кори илмӣ дар даври ниҳоии озмун қобили қабул дониста шуд. Бояд гуфт, ки корҳо асосан барои такмили муқоисаи ҳисобҳои бадеӣ ва риёзӣ, геометрияи тасвирӣ, ҷуфт намудани нақшҳо ва муқоисаи ороишҳо, робитаи таърих бо терракоти таърихӣ (маснуоти сафолӣ) таҳия шуда буданд.
Дар натиҷа хонандагони синфи 8 Абдумуслим Набиев дар мавзуи «Қолибсозӣ дар проексияҳои зардӯзӣ» ва Ҳусейн Артиков дар мавзуи «Ҳисобҳои эскизӣ аз рӯи қуттисозӣ дар истеҳсоли шероз» ҷойи якумро ишғол намуда, сазовори медалҳои тилло шуданд.
Ҳамзамон хонандагони синфи 8 Фотима Артикова дар мавзуи «Мувофиқати амалҳои геометрӣ дар чакани тоҷикӣ», Суруш Саидов дар мавзуи «Таърихи Террокот дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав» ва Аслан Тошев дар мавзуи «Империяи Кӯшониён дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав» сазовори ҷойҳои сеюм гардида, соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.
Ҷойизадоронро дар назди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини Раиси ноҳияи Шаҳринав ва омӯзгорону ҷавонони фаъоли ноҳия истиқбол намуда, онҳоро ифтихори давлату миллат дониста, бо самимияту хушнудӣ табрик намуданд.