“Тарбияи ватандӯстӣ – омили пешгирии ифротгароӣ” шиори милитсияи Хатлон барои соли 2024 эълон гардид

Дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ҷаласаи оперативӣ – хизматӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти мақомоти корҳои дохилии вилоят дар давраи 2 моҳи соли 2024 таҳти роҳбарии сардори мақомоти корҳои дохилии вилоят генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон баргузор гардид, ки дар он сардорони Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони муассисаҳои таълимии ВКД бо қароргоҳ дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Кӯлоб, роҳбарияти ҷузъу томҳои вазорат дар вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон вобаста ба иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самтҳои муайянгардида, аз ҷумла пешгирии ҷинояткорӣ дар Хатлон, мубориза зидди таҳдиду хатарҳои ифротгароӣ, ошкорнамоии ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, мусодираи маводи мухаддир ва таҳкими ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар баланди бардоштани маърифати ҳуқуқии қишрҳои гуногуни ҷомеа бо назардошти эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баррасӣ ва натиҷагирӣ карда шуд.

Сардори мақомоти корҳои дохилии вилоят генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода эълон намуд, ки фаъолияти минбаъдаи мақомоти милитсияи вилоят таҳти шиори “Тарбияи ватандӯстӣ омили пешгирии ифротгароӣ” роҳандозӣ карда мешавад.

Сипас бо мақсади ноил гардидан ба вазифаву ҳадафҳои дар назди милитсия гузошташуда як қатор дастуру супоришҳо ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо аҳолӣ ва боло бурдани эътимоду боварии мардум ба милитсия чун сипару такягоҳ ва ҳимоятгари ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ба самъи ҳайати шахсии милитсияи вилоят расонида шуда, кормандони милитсияи Хатлон уҳдадор гардиданд, ки дар муносибату мошират бо аҳолӣ аз рӯӣ принсипҳои хушахлоқӣ, хушмуомилагӣ ва гуманистӣ фаъолият намоянд.

Ҳамзамон тамоми ҳайати шахсии милитсияи Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадор карда шудаанд, ки дар минтақаҳои хизматӣ бо ҷалби намояндагони мақомотҳои дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон масъул, раисону маҳаллаҳо ва шаҳраку деҳот, бахшҳои кор бо занон ва ҷавонон, ҳамчунин нафарони обрӯманди маҳал гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, ҷиҳати бурдани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ сафарбар карда шаванд. Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ба самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои милливу фарҳангӣ, аз байн бурдани тамоюли хурофотпарастӣ, пешгирӣ намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон ва ҳалли муаммову проблемаҳои ҷойдошта аз ҷумла вобаста ба масъалаҳои шаҳрдорӣ ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ нигаронида шудааст.

Дар идомаи машварати оперативӣ-хизматӣ сардори мақомоти милитсияи вилоят бори дигар аз ҳайати шахсӣ даъват ба амал овард, ки баҳри таъмини пурраи волоияти қонун дар вилоят ва тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, таҳкими ҳамкории милитсия бо аҳолӣ, баррасии фаврии муроҷиатҳои шаҳрвандон як қатор чорабиниҳои мақсаднок ва пешгирикунанда баргузор намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE