Ташкили чорабиниҳои муштарак марбут ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар Женева баррасӣ гардид

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария,  намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо директори Клуби матбуотии Женева Изабел Фалконниер мулоқот намуд. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид хабар.

Зимни мулоқот ҷонибҳо имконияти ташкили чорабиниҳои муштараки марбут ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар самти об ва тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор доданд.

Клуби матбуотии Женева барои кумак ба рӯзноманигорон, мусоидат ба мубодилаи байни Швейтсария ва доираҳои байналмилалии иқтисод, сиёсат, фарҳанг ва илм аз як тараф ва матбуоти Швейтсария ва хориҷӣ таъсис дода шудааст.

Имрӯз Клуби матбуотии Женева тақрибан 35 воситаи ахбори омма (рӯзномаҳо, радиоҳо, телевизионҳо), 70 аъзои дастҷамъӣ (мақомоти давлатӣ, тиҷорат, созмонҳои байналмилалӣ) ва 300 аъзои инфиродӣ бо ҳуқуқи овоздиҳӣ дорад. Тақрибан 800 нафар корти инфиродии Клуби матбуотии Женеваро доранд (450 рӯзноманигор ва 350 корманди матбуот, таблиғгарон, кормандони PR, дипломатҳо ва шахсиятҳои гуногун).

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE