Рӯзи модар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҷлил шуд

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар чорабинии идона баргузор гардид. Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода ҳайати занону бонувон ва донишҷӯдухтаронро бо ин рӯзи фархунда табрик гуфт.

Мавсуф зимни суханронӣ аз дастгириҳои бонувону занони донишгоҳ ва ташаббусҳои созандаи модарон дар сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат ёдовар шуда, таъкид дошт, ки саҳми бонувон дар рушди самтҳои мухталифи донишгоҳ назаррас аст.

Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ Ашурзода Гулбаҳор — муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сураҷ Чоршанбезода — муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, устодону кормандони донишгоҳ ва дар симои онҳо кулли бонувони кишварро ба ин санаи фархунда табрик намуданд.

Зимни чорабинӣ дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ бонувон бо мукофотпулӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Инчунин, дар зимн зумрае аз бонувони донишгоҳ бо ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Дар охир ансамбли халқии “Наврӯз”-и донишгоҳ баҳри фароғати ҳозирин ва гиромидошти Зан-Модар барномаи фарҳангию хотирмонеро намоиш доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE