Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шурои директорони Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфтанд
7 марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шурои директорони Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар мамлакати мо бо иштироки ин ниҳоди молиявӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Зимни суҳбат баҳри тобовар намудани иқтисодиёти мамлакат ба таҳдиду хатарҳо ва ҷалби бештари сармоягузориҳои шарикони рушд ба соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ табодули андеша доир шуд.
Дар мулоқот барои таъмини рушди устувор, хусусан ҷалби сармояи иловагӣ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, экология, инкишофи сайёҳӣ, таҳкими муқовимат ба оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин ташаккули иқтисоди «сабз» ва идомаи рақамикунонӣ зарур дониста шуд.
Дастгирии идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, маблағгузории рушди соҳаи энергетика ва таъмини амнияти озуқаворӣ намунаи ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ арзёбӣ гардид.
Дар робита ба вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим ва шиддат гирифтани пайомадҳои онҳо ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳо ва фишори омилҳои манфӣ ба иқтисоди миллӣ роҳандозии татбиқи ислоҳоти муттасил зарур шуморида шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.