Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд
13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи иншооти нав иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии вазорат аз 18 ошёна ва таҳхона иборат буда, лоиҳа бо назардошти талаботи муосири шаҳрсозӣ омода гардидааст. Ҳамчунин тибқи лоиҳа, иншоот дорои бинои алоҳидаи дуошёна буда, дар он ошхона бо 420 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳи барҳаво бо 640 ҷойи нишаст бунёд хоҳад ёфт, ки тариқи роҳрав ба бинои асосӣ пайваст мегардад.
Дар бинои нав сохтмони 4 лифт дар назар дошта шуда, барои кормандони вазорат ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, толорҳои машваратӣ бо имконияти васеъ ва технологияи муосири соҳавӣ бунёд мешаванд. Сохтмони бинои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо барои кормандони дастгоҳи марказии вазорат шароиту имконияти муосири корӣ фароҳам меорад, балки дар дохили он зерсохторҳои ниҳоди мазкур низ ҷойгир мешаванд, ки чунин тарҳрезии лоиҳа ба таъмини сифатноки кор, пешбурди фаъолият мутобиқ ба талаботи замон мусоидат менамояд.
Аз ҷумла, пас аз анҷоми сохтмон дар таҳхонаи бино маркази чопи нашрияҳо, ҳуҷраҳои техникӣ ва ёрирасон ҷойгир мешаванд. Дар бинои нав ҳамчунин Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази ҷумҳуриявии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, Маркази барномаҳои байналмилалӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Маърифат”, Корхонаи воҳиди давлатии “Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе”, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва дигар сохторҳои зертобеи вазорат, ки ҳоло дар ҳар гӯшаву канори шаҳр фаъолият доранд, ҷой дода мешаванд. Ин тадбир ба беҳшавии шарту шароити корӣ мусоидати назаррас менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ барои сохтмони иншоот 1,58 гектар қитъаи замин ҷудо гардида, дар доираи ин тарҳ ҳамчунин сохтмони фаввораҳои зебову замонавӣ, таваққуфгоҳ барои нақлиёт, айвончаҳои истироҳатӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд хоҳад ёфт.
Намои берунаи иншооти нав бо шаклу услуби хоси меъмории миллию ҷаҳонӣ тарҳрезӣ гардида, атрофи он низ тибқи лоиҳа зебову замонавӣ зиннат дода хоҳад шуд.
Оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии авҷи корҳои ободониву созандагӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе буда, ба фароҳам овардани шароити муосири корӣ ва зебову замонавӣ намудани ҳусни пойтахт мусоидат менамояд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муҳлати 3 сол ба истифода додани бино, истифодаи масолеҳи баландсифати сохтмонии ватанӣ ҳангоми иҷрои корҳо ва таваҷҷуҳи хосса додан ба масъалаи сабзазоркуниву сарсабз намудани атрофи иншоот супоришҳои мушаххас доданд.